close
Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Созмони Милали Муттаҳид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
BERJAYA
Парчами СММ
BERJAYA
Харитаи СММ

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) — созмони байналмилалӣ аст, ки кишварҳои пирӯз дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ ва устувории сулҳу амният дар ҷаҳон ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳо бунёд кардаанд. Мақсади асосии СММ нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инкишофи муносибатҳои аҳлона дар заминаи эҳтироми принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ: ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо мебошад.

Таърихи СММ

[вироиш | вироиши манбаъ]
BERJAYA
Бинои СММ дар шаҳри Ню Йорк
BERJAYA
Бинои СММ дар шаҳри Ню Йорк

Пеш аз СММ ташкилоти Лигаи Миллатҳо, дар соли 1919 таъсис дода шуда буд. Номи Созмони Милали Муттаҳид, аз тарафи президенти ИМА Франклин Д. Рузвелт пешкаш карда шуда буд, ва дар Эъломияи Созмони Милал 1 январи соли 1942 истифода бурда шуд, вақте ки намояндагони 26 давлатҳо аз номи ҳукумати худ муборизаро бар зидди Ҳитлер ба ӯхда гирифтанд.

Дар ҳоли ҳозир СММ 192 давлатро дарбар мегирад. Аз рӯйхати давлатҳои пазируфтаи мустақил, танҳо Ватикан ба СММ дохил нест.

Низомномаи СММ

[вироиш | вироиши манбаъ]
BERJAYA
Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид

Сохтори СММ

[вироиш | вироиши манбаъ]
BERJAYA
Дабири Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

Штаб-квартираи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир аст. Идораи асосии СММ ин:

иборат мебошанд.[1]

Фаъолияти СММ

[вироиш | вироиши манбаъ]

СММ конференсияҳо ва форумҳо мегузаронад, ки дар онҷо ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ муҳокима карда мешаванд. Ба он чунин масъалаҳо дохил мешаванд:

Ҷоизаи Нобелӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

СММ — барандаи Ҷоизаи Нобел (2001) мебошад. Ҷоизаро ташкилот ва шахсан Дабири куллӣ он Кофи Аннан байни худ тақсим намуданд. Дар соли 1988, нахустин маротиба барандаи ҷоизаи Нобелӣ оид ба сулҳ — Қудратҳои сулҳовари СММ буд.

Забонҳои расмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аъзоёни СММ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аъзоёни нахустини СММ 50 давлатро ташкил медод. Низомномаи СММ — дар конференсияи шаҳри Сан-Франциско 26 июни 1945 имзо шудааст. Дар давраи 19462002 СММ боз 140 давлатро ба узвият пазируфт. Дар ҳоли ҳозир СММ 192 давлатро дарбар мегирад.

  1. http://andesha.tj/node/423(пайванди дастнорас)
BERJAYA
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: