ISO 3166
ISO 3166 — стандарти байналхалқии ISO, рамзҳои ишоравии давлатҳо ва территорияҳои ба онҳо вобаста ва инчунин тақсимотҳои асосии маъмурии дохили мамлакатҳоро дар бар мегирад. Аз чунин қисмҳо иборат аст:
- ISO 3166-1 — рамзҳои давлатҳо ва территорияҳои ба онҳо вобаста
- ISO 3166-1 alpha-2 — рамзҳои дуҳарфа
- ISO 3166-1 alpha-3 — рамзҳои сеҳарфа
- ISO 3166-1 numeric — рамзҳои рақамӣ
- ISO 3166-2 — рамзҳои тақсимотҳои маъмурии дохили мамлакатҳо (вилоятҳо, иёлотҳо, музофотҳо ва ғайраҳо)
Рамзҳои дуҳарфаи ISO 3166-1 alpha-2 - ро ICANN барои ном додани номҳои миллии доменҳои дараҷаи болоӣ истифода мебарад.
Номгӯи ISO 3166-1
[вироиш | вироиши манбаъ]Базаи маълумотҳои доменҳои дуҳарфаи дараҷаи болоӣ бо рамзҳои мамлакатҳо дар асоси номгӯи мамлакатҳо, ки ISO 3166 Maintenance Agency тайёр кардааст, ташкил дода мешавад. IANA ccTLD-и навро фақат баъди пайдо шудани рамз дар номгӯи ISO 3166-1 ба вуҷуд меорад.
Ин номгӯ бо мақсадҳои дигар низ васеъ истифода бурда мешавад, барои он ки ҳангоми проседураи ҷудо кардани мамлакатҳо барои номгӯ принсипҳои бетарафии сиёсӣ истифода бурда мешавад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ISO 3166 Бойгонӣ шудааст 23 сентябри 2004 сол.
- Номгӯи рамзҳо дар китоби ҷаҳонии далелҳои ЦРУ Бойгонӣ шудааст 13 ноябри 2020 сол.
- Рамзҳои мамлакатҳо дар системаҳои гуногун Бойгонӣ шудааст 18 апрели 2018 сол. — ISO 3166-1, доменҳои дараҷаи болоӣ IANA, автомобилӣ, рамзҳои Кумитаи Байналхалқии Олимпӣ, телефонӣ
